x
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

ҶТ, ш.Душанбе, н.Сино, куч. Сино 29-31

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Донишгоҳ соли 1939 дар шаҳри Сталинобод таъсис ёфта буд. Номгузории аввалааш Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.

Аз соли 1993 номи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифтааст. Соли 1939 ба донишкада 130 донишҷӯ қабул шуда буданд. Ба донишҷӯён асосан омӯзгорони рус таълим медоданд ва солҳои аввал шумораи донишҷӯёни тоҷик хеле кам буд.

Соли 1943 назди ДДТТ аспирантура ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 1949 ординатураи клиникӣ кушода шуд ва муҳлати таҳсил дар донишкада 6 соли таҳсилро дарбар мегирифт. Ҳамин сол аввалин олими тоҷик дар соҳаи тибб Яҳё Абдуллоевич Раҳимов бомувваффақият рисолаи номзади илми тибро дифоъ намудааст. Я.А. Раҳимов солҳои 1950-1957 ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд.

Яҳё Раҳимов соли 1953 сарвари Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ буд ва барои рушди донишкадаи тиббӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.