x
Сомонтаъминот

ҶДММ «Сомонтаъминот»

ҶДММ «Сомонтаъминот», ки дар гузашта ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии «Лесостройметаллторг» фаъолият менамуд дар санаи 23 декабри соли 2003 дар асоси шартномаи хариду фурўши № 3/3 аз ҷониби ҶСП «ХК Исмоили Сомонӣ» харидорӣ карда шудааст.

Масоҳати умумии ҷамъият аз 6,1 гектар иборат буда, ҳудуди замини зери анборҳо, хоҷагии ёрирасон, бинои маъмурӣ ва хати роҳи оҳанро бар мегирад. Ҷамъият барои ворид намудани масолеҳи оҳанфулузот махсус гардонида шудааст ва дар ҳудуди кишвар ба ин намуди маҳсулот ниёзи зиёд доранд, тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои хизматрасон ҷиҳозонида шуда, барои иҷро намудани фармоишоти аҳолии кишвар омодаанд.

Дар  ҷамъият бо 31 муассисаю ташкилот ва шахсони инфиродӣ шартномаҳои харидуфурўш, иҷора, таъминотӣ ва хизматрасониро ба имзо расонидааст. ҶДММ "Сомонтаъминот" дар бозори дохили ва хориҷи рақобатпазир буда, айни замон ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо ширкатҳои бануфузи давлатҳои Руссия, Германия, Испания, Хитой, Туркия, Узбекистон, Қазоқистон ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст.