x
Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Тоҷикистон ш. Душанбе назди кӯли Ҷавонон

Ифтитоҳи осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошад.

20 марти соли 2013 дар Душанбе расми кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии осорхона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намудаанд. Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.